Физикаи (синфи 7) icon

Физикаи (синфи 7)

1.0

Физикаи (синфи 7)

Name Физикаи (синфи 7)
Version 1.0
Update Sep 14, 2018
Size 28 MB
Category Books & Reference
Installs 100+
Developer Китобхои фаннии точики
Android OS Android 4.0+
Google Play ID com.kitob.fizika_7
Физикаи (синфи 7) · Screenshots

Физикаи (синфи 7) · Description

Физика (синфи 7)
Замину Осмон ва умуман ҳама мавҷудот - аз резтарин зарра
то сангу хасу долу дарахт, Офтобу ситораҳову фазои
фарогирандаи онҳо, аз хурдтарин ҷонзоди рӯйи Замин то
наҳанги дарёӣ - ҳамаи инҳо дар маҷмӯъ табиат (табиъат)-ро
ташкил медиҳанд. Худи одам низ як ҷузъи табиат аст.
Калимаҳои Коинот, Кайҳон, дунё, гетӣ, олам низ гоҳо ба
ҳамин маънӣ (ба маънои табиъат) корбаст мешаванд. Аммо дар
гуфтугузори ҳаррӯза табиат гуфта маъмулан қисми қобили
мушоҳидаи олам ё ҳагто муҳити атрофро мефаҳманд.
Дар табиат доимо тағйирот (рӯйдодҳо)-и гуногун рух
медиҳад: наботот нумӯ мекунад, гулҳои рангобаранг мерӯяд,
ҳайвонот инкишоф меёбад, як навъи модда ба навъи дигар
мубаддал мешавад, шамол ба вуҷуд меояд, барфу борон
меборад, гоҳо тирукамон пайдо мешавад, гоҳи сард гаштани
ҳаво об ях мебандад, гоҳи гарм шудани ҳаво барфҳову яхҳо об
мешаванд, об бухор шуда, дар табиат гардиш мехӯрад...
Инсон аз даврони қадим ба ин сӯ табиатро мушоҳида
мекунад ва дар ҷараёни ин мушоҳидаҳову омӯзишҳо дониш
меандӯзад. Ҳанӯз қадимиён медонистанд, ки ду чизи сойишхӯранда
гарм мешаванд ва дар натиҷаи сойиш баъзе навъҳои
чӯб оташ мегирад. Инро худи шумо низ санҷида метавонед.

Физикаи (синфи 7) 1.0 · Free Download

4.3/5 (6+ Reviews)

Old Versions

All Versions