Физикаи (синфи 7) icon

Физикаи (синфи 7)

1.0

Физикаи (синфи 7)

ชื่อ Физикаи (синфи 7)
เวอร์ชัน 1.0
ปรับปรุง 14 ก.ย. 2018
ขนาด 28 MB
ประเภท หนังสือและข้อมูลอ้างอิง
การติดตั้ง 100+
นักพัฒนาซอฟต์แวร์ Китобхои фаннии точики
Android OS Android 4.0+
Google Play ID com.kitob.fizika_7
Физикаи (синфи 7) · ภาพหน้าจอ

Физикаи (синфи 7) · คำอธิบาย

Физика (синфи 7)
Замину Осмон ва умуман ҳама мавҷудот - аз резтарин зарра
то сангу хасу долу дарахт, Офтобу ситораҳову фазои
фарогирандаи онҳо, аз хурдтарин ҷонзоди рӯйи Замин то
наҳанги дарёӣ - ҳамаи инҳо дар маҷмӯъ табиат (табиъат)-ро
ташкил медиҳанд. Худи одам низ як ҷузъи табиат аст.
Калимаҳои Коинот, Кайҳон, дунё, гетӣ, олам низ гоҳо ба
ҳамин маънӣ (ба маънои табиъат) корбаст мешаванд. Аммо дар
гуфтугузори ҳаррӯза табиат гуфта маъмулан қисми қобили
мушоҳидаи олам ё ҳагто муҳити атрофро мефаҳманд.
Дар табиат доимо тағйирот (рӯйдодҳо)-и гуногун рух
медиҳад: наботот нумӯ мекунад, гулҳои рангобаранг мерӯяд,
ҳайвонот инкишоф меёбад, як навъи модда ба навъи дигар
мубаддал мешавад, шамол ба вуҷуд меояд, барфу борон
меборад, гоҳо тирукамон пайдо мешавад, гоҳи сард гаштани
ҳаво об ях мебандад, гоҳи гарм шудани ҳаво барфҳову яхҳо об
мешаванд, об бухор шуда, дар табиат гардиш мехӯрад...
Инсон аз даврони қадим ба ин сӯ табиатро мушоҳида
мекунад ва дар ҷараёни ин мушоҳидаҳову омӯзишҳо дониш
меандӯзад. Ҳанӯз қадимиён медонистанд, ки ду чизи сойишхӯранда
гарм мешаванд ва дар натиҷаи сойиш баъзе навъҳои
чӯб оташ мегирад. Инро худи шумо низ санҷида метавонед.

Физикаи (синфи 7) 1.0 · ดาวน์โหลดฟรี

4.3/5 (6+ ความเห็น)

เวอร์ชันเก่า

ทุกเวอร์ชัน