Адабиети точик (синфи 6) APP
Адабиёт аз калимаи арабии адаб гирифта шудааст, ки он
дар луғату фарҳангҳо ба маънои хушахлоқӣ, кирдори писандида,
поктинатӣ, иффату (порсоӣ) ҳаё, донишу ҳунар ва таълиму
тарбия омадааст. Тамоми ин сифатҳо, ки мансуби пиндору
гуфтору рафтори неки инсонианд, ду ҷиҳати асосиро фаро гирифтаанд:
яке рафтори холӣ аз камбудиҳову нуқсонҳо, амалҳои
зишту бад ва дигаре ба маънои донишу ҳунар. Ба тариқи сода
адабиёт фаннест. ки одамиро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят менамояд.
Дар синфи шашум шумо аввал бо адабиёти шифоҳӣ, жанри
шеърии рубоӣ, сипас чистону муаммо шиносоӣ пайдо карда
баъдан аз эҷодиёти шахсиятҳои варзидаи эҷодӣ- Унсурулмаолии
Кайковус, Муҳаммади Ғазолӣ, Фаррухи Сиистонӣ, Низомии
Ганҷавӣ, Сайфи Фарғонӣ, Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Зиёуддини
Нахшабӣ, Ибни Ямини Фарюмадӣ, Ҳофизи Шерозӣ,
Носири Бухороӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Шавкати
Бухороӣ, Нозими Ҳиротӣ, АҳмадиДониш, Абулқосим Лоҳутӣ,
Муъмин Қаноат. Ҷумъа Одина ва Сафармуҳаммад Айюбӣ
баҳраманд мегардед.
Намунаҳое, ки аз эҷодиёти ин адибони бузурги адабиёти
тоҷику форс барои мутолиа ва омӯзиши шумо пешниҳод гардидаанд,
беҳтарин маводи маърифатӣ мебошанд. Ин қитъаҳои
шеърӣ ва пораҳои насрӣ шодоб аз панду андарз ва ҳикмату афкори
насиҳатомез буда, тафаккури бадеиву эстетикӣ, идроки
арзишҳои волои инсонӣ ва малакаи пиндори дурусту воқеии
зиндагии ояндаи шуморо равнақу сафо мебахшанд; ба шумо
роҳи баҳрагириҳо аз таҷрибаи зиндагӣ ва расидан ба пиндори
нек, гуфтори нек ва рафтори некро фароҳам месозанд.